Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА

СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА

СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА машҳур ба Аҳмади Девонаи Ноӣ (соли таваллуд вавафот номаълум), машшоқ, ҳофиз ва оҳангсози тоҷик (асри 15). Дар Самарқанд, дар оилаи олим ба дунё амадааст. Ба сабаби лоуболӣ ва шӯхтабиатиаш ӯро аҳли дин «Девона» номидаанд. Султон Аҳмади Девона алалхусус дар найнавозӣ устод буда, дар ин соз ихтироот дорад ва асарҳое тасниф кардааст: «Пешрави Аҳмадӣ», «Савти Ноӣ», «Нақши Аҳмади Ноӣ», «Пашрави Нои» ва ғайра. Худаш ғазалҳо навишта ба оҳанг медаровардааст. Султон Аҳмади Девона тамоми умр дар Самарқанд зистааст, қабраш дар маҳалли Хоҷа Абдуи Дарун.         А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …