Маълумоти охирин

СУЛТОН

sulton

СУЛТОН (арабӣ — ҳоким, малик, волӣ), унвони олии ҳоким дар мамлакатҳои исломӣ. Онро ба исми подшоҳ ва шоҳзодагон ҳамроҳ карда ном мебурданд. Истилоҳи Султон дар ибтидои паидоишаш мафҳуми ҳукмрон, ҳокимият ва давлатро дошт. з асри 11 Султон ҳамчун унвони хос ба сулолаи ҳукмрон дода мешуд. Баъзе қабилаҳои Африкаи ҒарбӣваАрабистони Ҷанубӣ феодалони калон ва сардорони қабиларо Султон мегуфтанд. Дар Туркия то соли 1922, дар Марокаш то 1957 ин унвон вуҷуд дошт. Аз асри 13 то ибтидои асри 16 ва солҳои 1914—1922 ҳокимони Мисрро Султон меномиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …