Маълумоти охирин

СЮИТА

СЮИТА (франсузӣ suita — қатор, пайдарҳамӣ), як шакли силсилавии мусиқии созист. Сюита аз қисмҳои алоҳидаву мухталиф иборат буда, дорои ғояи умумии бадеист. Вай аз соната ва симфония бо он фарқ мекувад ки ҳар қисмаш мустақил буда, бо суруд ва рақс алоқаманд аст. Аввалин нишонаҳои Сюитаҳануз дар асри 16 падид омада буд. Навъи классикии Сюитаи рақсии қадими дар эҷодиёти И. Я. Фробергер (асри 17) ба назар мерасад.
Дар мусиқии ҳозиразамони тоҷикӣниз Сюита мавқеи муҳим дорад. Сюитаҳои вокалии «Партияи илҳомбахш (3. Шаҳидӣ), «Суруд ва муҳаббат» (Ғ. Ғуломалиев), «Чорзарб» (Ш. Ҷӯраев), «Бахти безавол» (А. Ҳамдамов), С.-ҳои симфонии «Сюитаи рақсй» (Я. Сабзанов), «Шарораҳои дӯстй» (С. Ҳамроев), «Зумрад» (Ш. Сайфиддинов) ва Сюитаҳои оркестрӣ (Ф. Солиев, М. Муравин, А. Ҳамдамов, X. Абдуллоев, Я. Сабзанов ва дигарон) ганҷинаи мусиқии касбии имрӯзаро бой гардонидаанд.

surud-nota

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …