Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУДРАБКАЛН Ян

СУДРАБКАЛН Ян

sudrabkalns

СУДРАБКАЛН Ян (иоми аслиаш Арвид; 17. 5. 1894, Инчукалнси ҳозира ноҳияи Рига—4. 9. 1975, Рига), шоири советии латиш, шоири Халқии Латвия (1947), академики Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Латвия (1973), Қаҳрамони Меҳнати Социалиотӣ (1974).

Аъзои КПСС аз соли 1954. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ(1914—18).

Асарҳояш аз соли 1909 нашр шудаанд. Дар маҷмуаи «Армадаи болдор(1920) вахдати инсоният ва ояндаи нек васф шудааст. Маҷмуаҳои «Табдилот» (1923), «Фовус дар шамол» (1931) афкору андешаҳои шоирро фаро метиранд. Бо тахаллуси Оливеретто маҷмуаҳои ашъори мазҳакавӣ ва ҳаҷвии «Трубадури харсавор»(1921), «Ҷентелмен бо фраки бунафш» (1924) ва ғайраро нашр кард.

Дар Латвияи Совети Судрабкалн сарояндаи бародарии халқҳо, вассофи Ватани Советӣ гардид. Эҷодиёти Судрабкалн дар маҷмуаҳои «Дар оилаи бародари» (1947; Мукофоти давлатии СССР, 1948), «Боз як баҳор» (1964; Мукофоти давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Латвия, 1965), дар китоби минётураҳои лирикии «Фароштрукҳо бармегарданд» (1951), «Андешаҳои баҳорон» (1964) мазмуни нав пайдо кард. Судрабкалн публисист — муборизи сулҳ буд (маҷмуаи «Вохурии байрақҳо», 1950). Асарҳояш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—8). Аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Латвия. Бо 3 ардени Лении, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …