Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУБҲОНҚУЛОВ Магалим Акрамович

СУБҲОНҚУЛОВ Магалим Акрамович

СУБҲОНҚУЛОВ Магалим Акрамович (11. 4 1920, деҳаи Старое Куручевои ноҳияи Баклински Бошқирдистон—10. 9. 1976, Душанбе), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор (1964). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1943 аввал дар Институти давлатии педагогии Бухоро, баъд дар Университети давлатии Ӯзбекистон (Тошканд) таҳсил кард, аспирант (1947—50). Солҳои 1954—76 мудири кафедраи назарияи функцияҳо ва таҳлили функционалии Университети Давлатии Тоҷикистон буд.

Тадқиқоти илмии Субҳонқулов ба омӯзиши қиматҳои сарҳадии қаторҳои дараҷагии коэффисиентҳояшон арифметикӣ ва татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои назарияи ададҳо, масъалаҳои рост ва аддитивии баръакс, тадқиқи тақсимоти нулҳои функсияҳои бутун, суфъати наздикшавӣ ва суммагирифташаваядагги қаторҳои ортогоналӣ оиданд. Бештар аз 60 асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Бо медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.

Асар: Тауберовы теоремы с остатком, Москва, 1976.

М. Исроилова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …