Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СТОКГОЛМ

Шаҳри СТОКГОЛМ

stokholm-city

СТОКГОЛМ (stokholm), пойтахти Швеция, бандар дар соҳили баҳри Балтика. Аҳолиаш 630 ҳазор нафар (1985). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (радиотехника ва радиоэлектроника), полиграфия, саноати сабук, хӯроскворӣ, дорусозӣ ва химия. Аэропорти байналхалқӣ (Арланда) ва дохилӣ (Бромма), инчунин метрополитен дорад. Дар Стокголм университет, мактабҳои олӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ, Академияи Фанҳои шоҳии Швеция ва дигар академияҳо, расадхона, зиёда аз 10 музей, китобхонаҳо, бештар аз 25 театр, залҳои концертӣ мавҷуданд. Аз ёдгориҳои меъморӣ калисоҳои Сторчюрка ва Риддархолмсчюрка (асри 13), Қасри Дротнинхолм (аз 1662), Қасри шоҳ (1697—1760) ва ғайра боқӣ мондаанд.

Стокголм соли 1252 бунёд ёфтааст, аз охири асри 13— шаҳр. Соли 1906 дар Стокголм Съезди 4-уми РСДРП барпо гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …