Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТАТИСТИКАИ ИҶТИМОӢ

СТАТИСТИКАИ ИҶТИМОӢ

social-statistic

СТАТИСТИКАИ ИҶТИМОӢ, 1) ба маънои васеъ тамоми статистика илми иҷтимоиест, ки ҷараён ва падидаҳои ҳаёти ҷамъиятиро меомӯзад: 2) ба маънои маҳдуд як фасли статистикаро гӯянд, ки вазъи иҷтимоии ҳаёти одамонро дар шароити конкретии таърихи тараққиёти ҷамъият меомӯзад. Системаи нишондиҳандаҳои Статистикаи иқтисодӣ шароити иҷтимоии ҳаёти одамон, сохти иҷтимоӣ ва структураи синфии ҷамъият, шумора ва ҳайати аҳолӣ, тарзу микдори тақсими даромадҳо дар байни гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ, мавҷудият ва ҳайати захираҳои меҳнатӣ, савияи маълумот, маданият, нигоҳдории тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, шароити манзилию маишӣ, истироҳат, истифодаи вақти холӣ, вазъи сибсӣ ва ғайраро нашон медиҳад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …