Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНЮКОВИЧ Кирилл Владимирович

СТАНЮКОВИЧ Кирилл Владимирович

stanyukovich

СТАНЮКОВИЧ Кирилл Владимирович (19. 8. 1911, Санкт-Летербург —17. 2. 1986, шаҳри Душанбе), ботаник ва географи советӣ, доктори илмҳои биология (1954), профессор (1955), аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1978), Ходими Хизматнишондодаи Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1971). Мудири сектори географияи Шӯъбаи муҳофизати табиат дар назди Президиуми Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (аз соли 1976). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Аз соли 1946 то 1951 ходими калони илмии Стансияи биологии Помир ва солҳои 1951—59 директори ҳамин стадсия. Солҳои 1959 —64 ходими калони илмӣ ва солҳои 1964—76 мудири Шӯъбаи Совет оид ба омузиши қувваҳоя истеҳсолкунандаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Станюкович муаллифи зиёда аз 150 асару мақолаҳои илмист, ки асосан ба масъалаҳои набототи Помир, хусусиятҳои биологаи растаниҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии СССР, картографияи набототи Тоҷикистон ва умуман Осиёи Миёна оиданд. Муаллифи 7 китоби илмию бадеӣ ва илмию фантастикӣ низ мебошад. Станюкович бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асар: Растительность Восточного Памира, Душанбе, 1949; Растительность высокогорий СССР, Душанбе 1960; Полынные пустыни Таджикистана, Душанбе, 1968. Растительность гор СССР, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …