Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ҶАНГАЛИ ТОҶИКИСТОН

СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ҶАНГАЛИ ТОҶИКИСТОН

СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ҶАНГАЛИ ТОҶИКИСТОН, муассисаи илмист, ки соли 1963 таъсис шуда, ҷангалу ҷангалдории Тоҷикистонро тадқиқ мекунад. Стансияи таҷрибавии ҷангали Тоҷикистон тобеи Институти тадқиқоти илмии хоҷагии ҷангали Осиёи Миёна мебошад. Доираи тадқиқоти Стансияи таҷрибавии ҷангали Тоҷикистон масъалаҳои зеринро дарбар мегирад: омӯзиши асосҳои илмӣ ва роҳҳои барпо намудани дарахтзори муҳофиз бо мақсади пешгирии обшӯи хок ва сел; дар асоси корҳои селекционӣ дар республика барпо намудани чормағззору пистазор ва ҳам тадқиқи имконпазирии парвариши ангат; омӯзиши асосҳои биологии муҳофизати ҷангал аз зараррасону касалиҳо. Стансияи таҷрибавии ҷангали Тоҷикистон заминаи калони таҷрибагузаронӣ дорад; дар қитъаи таҷриавию намунавии «Октябр»-и хоҷагии ҷангали Данғара оид ба роҳҳои барпо памудаи пистазор, муҳофизати биологии растаниҳои мағздор аз касалию зараррасонҳо ва дар қитъаи ҷангали Лошхарфи хоҷагии ҷангали Орҷоникидзеобод оид ба бунёд кардани чормағззор дар асоси селекция тадқиқот мебарад. Дар пункти такягоҳии Варзоб асосҳои илмӣ ва роҳҳои барпо кардани дарахтзори муҳофизро меомӯзад.

jangal

Дар инкишофи ҷангалдории Тоҷикистон (алалхусус пиставу чормағзпарварӣ ва ғайра) хизмати мутахассисон В. В. Падалко, У. Холдоров, Г. М. Чернова ва дигарон калон аст.

У. Холдоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …