СТАНСИЯИ ХОКШИНОСИЮ МЕЛИОРАТИВИИ ВАХШ ба номи И. И. Антинов-Каратаев (СХМВ), яке аз аввалин муассисаҳои илмист, ки оид ба хокшиносии Тоҷикистон тадқиқот мебарад. Соли 1936 АФ СССР таъсис намуд. То соли 1951 тобеи Филиали тоҷикистонии АФ СССР буд. Аз соли 1951 тобеи Институти хокшиносии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Соли 1966 номи академики Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон И. Н. Антипов-Каратаевро гирифт.
Солҳои 30-юм 70% заминҳои обии водии Вахш шӯру шибарзамин буд ва аз ҳар га пахтазор ба ҳисоби миёна 10—12 сентнер ҳосил мегирифтанд. Дар назди Стансияи хокгиносию мелиоративии Вахш вазифа гузошта шуд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ сабабу хусусиятҳои номусоиди заминҳои водиро омӯхта, оид ба мелиорасияи онҳо тавсияҳои амалии илман асоснок пешниҳод кунад. Стансияи хокгиносию мелиоративии Вахш барои ҳалли ин масъалаҳо сабабу хусусияти шӯрии хок, мувозинати намаки умуман водӣ ва ноҳияҳои ҷудогояа, тадбирҳои муътадилгардонии он, низоми мӯътадили обёрӣ, масъалаҳои агрохимия, биологияи хок, микробиология, аҳамияти юнучқа ва шудгори чуқур барои ҳосилхезии заминҳои обӣ ва ғайраро ҳартарафа тадқиқ кард. Дар мӯҳлати кӯтоҳ захираи намакҳои зудҳалшаванда ва таркиби онҳодар хок, мувозинати обу намаки водӣ, чуқурии обҳои зеризаминӣ, модули заҳбур, меъёри обшӯи хок ва ғайраро муайян намудаид. Стансияи хокгиносию мелиоративии Вахш баъди се сол доир ба беҳтар намудани ҳолати молиоративӣ ва ҳосилхезии хоки водии Вахш тавсияҳо пешниҳод кард. Аз аввали солҳои 50 Стансияи хокгиносию мелиоративии Вахш оид ба обёрии заминҳои Ёвон, Обикиик, Данғара, Бешкент, Ғаровутӣ, Тошработ, навбати дуюми заминҳои водии Вахш ва ғайра тадқиқот мебарад. Дар инкишофи хокшиносии рёспублика кормандони собиқ ва ҳозираи ин муассисаи илмӣ И. Н. Антипов-Каратаев, П. А. Керзум, Н. Д. Беспалов. 0. А. Грабовская, И. М. Липкинд, А.В. Николаев ва дигар саҳми арзанда доранд. П. А. Керзум.
Tags Стансия
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …