Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СС (дастаҳои ҳимоятгар)

СС (дастаҳои ҳимоятгар)

СС (SS ихтисори Schutzstaffel — дастаҳои ҳимоятгар), ташкилоти террористии фашистони немис. СC 1925 барои ҳимояи Гитлер ташкил шуда, вазифаи полицияи дохилипартиявиро низ адо мекард. То ҳокимиятро ба даст даровардани нацистҳо (1933) аз ҳиcоби монополистони Германия, минбаъд аз ҳисоби буҷети давлат нигоҳ дошта мешуд. Роҳбарони СС аксаран ҳарбиён, дивизияҳои махсуси СС қувваи зарбазаваидаи армиян гитлерчиён буданд. СС нисбат ба муқобилони фашизм, нисбат ба аҳолии маҳалҳое, ки фашистонии немис муваққатан ишғол карда буданд, инчунин дар лагерҳои концентрационӣ бисёр ҷиноятҳои мудҳиш содир карданд. Баъди торумор шудани Германияи фашисти (1945) Трибунали ҳарбии байналхалқӣ дар Нюрнберг СС-ро ташкилоти ҷинояткор эълон кард. Нигаред низ Фашизм.

ss

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …