Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЗИШНОМАИ МЮНХЕН

СОЗИШНОМАИ МЮНХЕН

sozishnomai-munxen

СОЗИШНОМАИ  МЮНХЕН, созишномаи ба қисмҳо тақсим намудани Чехословакия, ки онро сардороии ҳукуматҳои Британияи Кабир (Н. Чемберден), Франсия (Э. Даладе), Германияи фашистӣ (А. Гитлер) ва Италияи фашистӣ (Б. Муссолини) 29 сентябри 1938 дар Мюнхен ба имзо расониданд. Мувофиқи он мебоист Чехословакия вилояти Судет ва районҳои бо Австрия ҳамсарҳадашро бо тамоми боигарӣ ва иншооташон ба Германия медод. ШМА ин созишномаро дастгирӣ намуд. СССР ба Созишномаи Мюнхен муқобил баромада, изҳор намуд, ки тайр аст ба Чехословакия ëрӣ расонад. Вале ҳукумати буржуазии Чехословакия аз ин ëрмандӣ даст кашида, 30 сентябр шартҳои Созишномаи Мюнхенро бе ризоияти Маҷлиси миллӣ қабул кард. Британияи Кабир ва Франсия бо мақсади ба муқобили СССР барангехтани Германия Созишномаи Мюнхенро ба амал бароварданд. Созишномаи Мюнхен, ки дар натиҷаи вайрон кардани нормаҳои ҳуқуқҳои байналхалқӣ зӯран ба гардани Чехословакия бор карда шуда буд, дар тайëр намудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) марҳалаи муҳиме гардид. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Чехословакия бо дастгирии Иттифоқи Совотӣ ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ, дар бораи аз аввал беасос ва зиддиҳуқуқӣ донистани Созишномви Мюнхен масъала ба миëн гузошт. Мувофиқи шартномаи байни РСЧС ва РФГ (декабри 1973) иштирокчиëни он қарор карданд, ки «… аз рӯи шартномаи мазкур муносибати тарафайнро ба назар гирифта, Созишномаи Мюнхен аз эътибор соқит дониста шавад».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …