Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «СОЮЗПЕЧАТЬ»

«СОЮЗПЕЧАТЬ»

soyuzpechat_logo

«СОЮЗПЕЧАТЬ» («Иттифоқи матбуот»), системаи ташкилот ва муассисаҳои Вазорати алоқаи СССР оид ба интишори нашрияҳои даврӣ. В. И. Ленин 21 ноябри 1918 Декрети Совети Комиссарони Халқро дар бораи ҷалби алоқачиён ба интишор ва кашондани нашрияҳои даврӣ имзо карда буд. «Союзпечать» дар мамлакатамон газета, журнал ва нашрияҳои ҳафтаинаи Советӣ ва хориҷиро бо роҳи обуна ва фурӯш паҳн мекунад. Шӯъбаҳои алоқа, шуъбаҳо ва агентиҳои «Союзпечать» ва паҳнкунандагони ҷамъиятии матбуот дар муассисаҳо, колхозҳо, совхозҳо, идораҳо ва ғайра ба нашрияҳои даврӣ обуна қабул менамоянд. Номгӯи нашрияҳо ва шарти обуна ба онҳо дар каталог ва нархномаҳое, ки ҳар сол Саруправленияи «Союзпечать» ва органҳои маҳаллии он нашр мекунанд, зикр мешаванд. «Союзпечать» шабакаи сершохаи савдои чакана дорад (магазин ва дӯконҳои махсус, воситаҳои савдои сайёр, автоматҳо оид ба фурӯши газета ва журналҳо). «Союзпечать» ба воситаи шабакаи савдои чакана баробари нашрияҳои даврӣ марка, китоб, рисола, маҳсулоти рассомӣ, нишонҳои гуногуни сарисинагӣ ва баъзе дигар молҳои сермасрафро ба фурӯш мебарорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …