Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МУСУЛМОН

ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МУСУЛМОН

СОВЕТИ ДЕПУТАТҲОИ МУСУЛМОН, ташкилоти миллии револютсионӣ-демократӣ, ки май — июни 1917 дар зери таъсири Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ташкил ёфтанд. Онҳо камбағалони шаҳр, коргарони маҳаллӣ, ҳунармандон ва деҳқононро дар бар мегирифтанд. Совети депутатҳои мусулмон дар Тошкент, Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд. Ӯротеппа ва дигар шаҳрҳо бо номи «Совети меҳнаткашони мусулмон», «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон», «Совети мардикорони ақибгоҳ», «Совети депутатҳои мардикорон» ва ғайра. таъсис гардиданд.

Совети депутатҳои мусулмон аз рӯзҳои аввали ташкил ёфтани худ дар дигаргунсозиҳои револютсионӣ, муборизаи зидди душманон, ҳаннотон, ҳимояи манфиатҳои камбағалон корҳои зиёцеро анҷом доданд. Онҳо бо роҳбарии болшевикон меҳнаткашони шаҳру деҳотро барои барпо кардани Ҳокимияти Советҳо сафарбар менамуданд. Синфи коргар дар рафти муборизаи зидди истисморгарон боварӣ ҳосил кард, ки танҳо дар сурати муташаккилии интернатсионалии ҳамаи меҳнаткашон ғалаба ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин мувофиқи «Низомномаи советҳои депутатҳои маҳаллии коргарон, солдатҳо ва деҳқонон»-и СЮС Туркистон (10 декабри 1917) ҳамаи советҳои Хуҷанд 27 февр. 1917 мутта- ҳид шуданд. Дар Уротешта бошад. Советҳои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва мусулмонон 10 июни 1918 муттаҳид гардида, ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Совети депутатҳои мусулмон дар тарбияи сиёсии меҳнаткашон, тарғиби идеяҳои Партяяи коммунистӣ мавқеи калон доштанд.

 

Адабиёт: История Коммунистических организаций Средней Азии, Ташкент, 1967.

  1. Холиқов, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …