Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛУҒЗОДА Сотим

УЛУҒЗОДА Сотим

УЛУҒЗОДА Сотим (таваллуд 1. 9. 1911, деҳаи Варзики раёни Чусти вилояти Намангови РСС Узбакистон), нависандаи советии тоҷик, аъзокоррспонденти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. (1951). Аз оилаи деҳқони камбағал. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар интернати Чуст гирифта, соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм кард. Чанде он ҷо аз адабиёт дарс гуфт. Соли 1930 ба Душанбе омада, котиби масъули газетаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» (ҳозира «Комсомоли Тоҷикистон»), «Тоҷикистони Сурх» (ҳозира «Тоҷикистони советӣ»), баъд муовини муҳаррири масъули журнали «Барои адабиёти сосиалистӣ» шуд. Солҳои 1934—1937 котиби Правленияи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои 1941— 1944 мухбири газетаҳои баъзе дивизия ва фронтҳо буд. Охири соли 1944 аз хизмати ҳарбӣ баргашта, раиси Правленияи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистои интихоб гардид ва то соли 1946 ин вазифаро иҷро кард. Аз он вақт то имрӯз бо кори эҷодӣ машғул аст.

sotim-ulugzoda-ubayd-rajab

Фаъолияти эҷодии Улуғзода аз соли 1930 аз тарҷумаи бадей, публисистикаю очерк ва танқиди адабӣ сар шудааст. Аз охири солҳои 30 драматургия дар эҷодигети Улуғзода ба ҷойгоҳи асосӣ гузошт. Якумин песаи ӯ «Лашкар ба дарвозаи Бухоро» (1936, ҳамроҳи Б. Муҳаммадиев; нотамом). Драмаҳои «Шодмон» (1939) ва «Калтақдорони  сурх (1940) ба ӯ шӯҳрат оварданд. Дар «Шодмон» конфликти типи нав, ки бархӯрди навию кӯҳнагиро дар худ инъикос додааст, баррасӣ шуд. Диди конкретии зиндагӣ ба драматург имкон дод, ки манзараҳои реалистии ҳаёти колхозидро тасвир намояд. Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) «Калтакдорони сурх»-ро намоиш дода, муваффақият ба даст овард. Консепсияи характери қаҳрамонона, ки дар «Калтакдорони сурх» ифода ёфта буд, бо таҷрибаи солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғанитар шуда, дар драмаи «Дар оташ» (1944) мазмуни интернасионалӣ ва конкретияи реалистӣ касб кард. Қаҳрамони ҷанг Тешабой Одилов, ки Улуғзода аз корномаҳояш дар очерки фронтии «Вай шаҳри Ленинро мудофиа мекунад» (1944) ҳикоят карда буд, дар намоишномаи «Дар оташ» прототиви қаҳрамони асосӣ Сафар Ҳайдаров қарор ёфт.

Ҷустуҷӯи характерҳову конфликтқои нав ва шаклҳои жанриву услубии тоза дар драматургияи Улуғзода баъди ҷанг то рафт амиқ шудан гирифт. Намоишномаи «Ҷӯяндагон» (1951), ки меҳнати геологҳо ва романтикаи онро нишон медиҳад, дар драматургияи тоҷик якумин мазҳакаи лирикӣ буд. Сюжети дуввумин мазҳакаи ӯ Гавҳари шабчароғ»(19-62) 88 муҳити зисту маишати мардуми оддӣ, аз зиндагии занони кирмакпарвар гирифта шуда буд. Таърих ҳам диққати драманигорро ба худ кашид. Аз киноповести «Ибни Сино» (1954, ҳамроҳи В. Виткович), ки дар асоси он «Узбекфилм» филме ба навор гирифт (1956), як силсила асарҳои таърихии тарҷумаиҳолӣ дар драматургияи тоҷик оғоз ёфт. Аз ҷумла, зиндагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар киносенарияи «Қисмати шоир» (1957), ки студияи «Тоҷикфилм» дар асоси он филме ба вуҷуд овард ва ин филм дар кинофестивали кишварҳои Осиёву Африка (1960) сазовори мукофоти олии «Уқоби тилло» гардид. Аз рӯи он сенария драмаи «Рӯдакӣ» (1958), ки яке аз асарҳои барҷастаи драматургияи тоҷик аст, ба вуҷуд омад. Шеъри Рӯдакӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои забони ин драма буда, принсипи «асосии поэтикаи онро муайян кардааст. Песаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1971) дар асоси фактҳои конкрети зиндагию эҷодиёти Аҳмади Дониш ба вуҷуд омадааст. Шароити ақибмондагии асримиёнагии Бухорои нимаи дуюми асри 19, муборизаи нури маърифат бо ҷаҳолат, бархӯрди ақли салими ҷӯянда бо аҳкоми дин, ҷаҳду ҷадали мардуми некхоҳу маърифтаҷуй барои берун ҷастан аз маҳдудиятҳои динию миллӣ дар маркази диққати муаллиф аст. Ғояи асосии «Алломаи Адҳам ва дигарон» — оғоз ёфтани умумияти маънавии мардуми тоҷику рус, ба сӯи маданияти рус майл пайдо кардани зиёиёни тоҷик ба тарзи хос ифода ёфт: дар диалогҳо сухани тоҷикӣ ва русӣ ба ҳам омехта омадааст. Дигар тамоюли муҳимми драматургияи таърихии тоҷик — тасвири ҷанговарию қаҳрамонӣ, шаҳомат ва диловарии ватандӯстонаи халқ дар роҳи мудофиаи ватан аз драмаи эпикшг романтикии «Темурмалик» (1968) оғоз ёфт. Дар ин асар муборизаи зидди истилогарони муғул тасвир гардидааст. Шахс ва халқ, сулҳ ва ҷанги ҳокимият ва адлу инсоф, садоқату вафодорӣ ба ватан ва хиёнат аз ҷумлаи он проблемаҳои ҷовид аст, ки пафоси драмавии «Темурмалик»-ро муайян кардааст. Тақлиди услуби классикӣ, насри мусаҷҷаъ ва ғайра дар сухани персонажҳо ва барои ифодаи обуранги гуногуни эмоциоиалии манзараҳои ҳаёт фаровон истифода шудаанд.

Соли 1980 Улуғзода боз ба образи Ибни Сино рӯй оварда, аввал рисолае ба номи «Пири ҳакимони Машриқзамин», баъд ҳамроҳи В. Виткович драмае ба унвони «Ҷавонии Ибни Сиио»-ро ба русӣ «Великий исцелитель» — «Шифокори бузург» (дар Театри академии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоиш дода шуд) таълиф кард. Дар драма фақат айёми ҷавонӣ ва таҳсили Ибни Сино дар Бухоро тасвир лардида, зоҳир кардани саргаҳу сарчашмаҳои ташаккули шахсияти як олими энсиклопедист ва ҷаҳонбинии илмию граждании вай вазифаи асосӣ қарор ёфтааст. Байни драматургия ва насри Улуғзода ҳамбастагӣ устувор буда, як сарчашмаи муҷазбаёнӣ ва мухтасаргӯй, ки дар насри ӯ дида мешавад, аз таҷрибаи драманигорист. Дар майдони насри бадеӣ ҷиддан қувва озмудани ӯ он гоҳ сар шуд, ки дар драматургия хеле таҷриба ба даст оварда буд. Аз ин рӯ имкон ёфт, ки дар наср аз публицистикаю очерк ва чанд ҳикоя (чунончи, «Дар размгоҳ» 1945; «Бачамард», 1947) якбора ба повест гузарад. Якумин повести Улуғзода «Ёрони боҳиммат» (1947) нишон дод, ки дар наср дар назди худ вазифаҳои нави эҷодӣ гузошта, тасвири психологиро ба «шаклҳои худи ҳаёт» наздиктар оварда, аз унсурҳои психологиами романтикии аиъанавӣ даст кашиданӣ шуд. Ғайр аз он, вай хост, ки тасвири воқеаҳои замони Ҷанги Бузурги Ватаниро аз саҳлангорӣ, ҳашамати зоҳирӣ тоза карда, ҳаёти ҷанговарон ва мардуми ақибгоҳро бо ҳама ҷиддият ва душвориҳояш нишон диҳад. Навҷӯӣ ва назари ҷиддиятомези Улуғзода дар нахустин романаш—«Навобод» (1953) бар зидди тасвири схемавию сунъии ҳаёти колхоз равона гардид. Аз банди схемаҳои пешакии одатӣ халос шудан душворӣ кард ва ӯ «Навобод»-ро 3 бор — солҳои 1949, 1950 ва 1953 аз нав навишт. Бо вуҷуди ин таъсири «назарияи беконфликтӣ» дар ин роман ҳанӯз ҳаст. Масъалаи асосии «Навобод» образи коммунист ва пешрафти ҷамъият мебошад. Конфликтҳо фақат дар доираи истеҳсолоти колхозӣ рӯй надода, ҳати шахсӣ ва муносибатқои оилавиро низ фаро гирифтаанд, ба маънавиёти мардум дахл кардаанд, бо рафти зиндагӣ ва таъсири коммунистон шуури меҳнаткашон тағйир ёфта, фикру тасаввуроти онҳо аз боқимондаҳои бади замонҳои гузашта тоза шудааст. Чи фаъолияти ҷамъиятии қаҳрамони асосӣ — котиби ташкилоти партиявии колхоз Баротови ҷавон ва дигар персонажҳо, чи зипдагии шахсии онҳо душвориҳое дошта, бо муборизаҳо давом кардааст ва онҳо дар рафти ҳамин муборизаҳо ба пояҳои нави камолоти шахсияти худ расидаанд.

Улуғзода баъд аз «Навобод» дар наср ҳам ба таърих майл пайдо кард.

Ин майл аз повести тарҷумаиҳолии «Субҳи ҷавонии мо» (1954) оғоз ёфт. Нависанда дар ин «асар ба гузаштаи наздик — оғози роҳи ҳаётии худ ва ҳамсолонаш, ба ибтидои ташаккули шуури инсони нав рӯй овард. Дигар шудани номи прототипи қаҳрамони асосӣ ва падари ӯ, инчунин номи маҳалҳо ва ғайра дар повест бо мақсади маънои умумӣ додан ба саргузашти қаҳрамон ва падид овардани просесси таърихӣ ва қонуниятҳои нн просесс сар задааст. Тасвири шароити зиндагии тоҷикони Фарғона дар солҳои сахти Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, бо ғалабаи Револютсияи Октябр шурӯъ шудани ҳаёти нави меҳнаткашон мазмуни асосин «Субҳи ҷазонии мо» мебошад. Сарнавишти қаҳрамони асосӣ — Собир, хусусан, баъди революция бо воқеаҳои калони таърихӣ сахт алоқаманд шудааст. Аз ин ҷост, ки саргузашти Собир хусусиятҳои типӣ пайдо карда, ташаккули шахсияти як зиёии тоҷикро дар шароити дигаргуниҳои куллии революсионӣ нишон медиҳад.

Муҳимтарин воқеаҳои таърихии охири асри 19, ки дар сарзамини тоҷикон барои ғалабаи Инқилоби Октябр шароит тайёр карда буд, дар романи Улуғзода «Восеъ» (1967) тадқиқ шуд. Дар драмаҳое, ки Улуғзода дар бораи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш навишт, саргузашти ибратомӯзи бузургтарин фарзандони халқ, намоёнгарони ақлу заковат ва дили шоиронаи миллат мавриди тадқиқи бадеӣ қарор ёфта бошад, дар «Восеъ» пешвои деҳқонони меҳнаткаш қаҳрамони асосӣ гардида, хашму ғазаби оммаи зулмдида ва дар роҳи озодии иҷтимоӣ қадами қатъӣ бардоштани онҳо баррасӣ шуд. Образи Восеъ яке аз нуқтаҳои олии таҳаввули шахсияти зӯрманд дар эҷодиёти Улуғзода буда, қувваю иқтидор ва шукӯҳу азамати халқ, матонату қатъият, ақлу хирад ва одамияти вайро ифода кард, шахси ӯ дар як давраи муҳимми таърих зуҳур намудани ҳастии халқро дар худ инъикос дод. Бо образи Восеъ дақиқан ҳамаҷонибаи решаҳои халқии характери шахсияти барҷаста, мазмуни халқии хислатҳо, фикру зикр ва ҳиссиёти қақрамон дар насри тоҷик амиқтар шуд. Дар айни замон, азбаски Улуғзода аз солҳои 30 ба тадқиқи сарнавишти намояндагони барҷастаи маданияти тоҷик машғул буд, инкншофи адабиёти маорифпарварпи тоҷикро омӯхта, бо номи «Аҳмади Дониш» як монография ҳам ба табъ расонда буд (1940), дар романи «Восеъ» имкон ёфт, ки байни афкори иҷтимоию сиёсии маорифпарварон ва шӯриши деҳқонон як риштаи пайванд ошкор созад. Дар романи пурвусъати «Фирдавсӣ» (1986) муҷазбаёнии Улуғзода боз ҳам такмил ёфта, бо тасвири барҷастаи лавҳаҳои хурд мазмуни иҷтимоиву сиёсии замон ва муҳимтарин ҷиҳатҳои характори инсон хеле мукаммал ифода ёфт.

Бо чашми амиқбин нигаристан ба зиндагии халқ ва моҳияти таърихии хурдтарин падидаҳои ҳастии ӯро ҷустан аз муҳимтарин хусусиятҳои аҷодкории Улуғзода аст. Насру драматургия ва кинодраматургияи вай лаҳзаҳои асосии тамоми таърихи дуру дарози халқи тоҷикро аз асри 7, аз замони истилои Хилофати араб (повести «Ривояти сурдӣ», 1975) то револтсияи Октябр ва замони ҳозира фаро гирифтааст.

Нигоҳи таърихии Улуғзода фақат бо ҳаёти халқи худ маҳдуд нест. Инро аз ҳайати интернасионалии персонажҳои баъзе асарҳои драматургия ва насри ӯ дидан мумкин аст. Мазмуни ҳикояи «Марги Ҳофиз» (1972) аз таърихи Ҳинд гирифта шудааст. Вусъати доираи назари ӯ аз фаъолияти тарҷумониаш низ маълум аст. Солҳои 1932—50 баъзе асарҳои асосгузорони марксизм – ленинизмро ба тоҷикӣ тарҷума ва таҳрир кардааст. Тарҷумаи «Замбур»-и Этел Лилиан Войнич (таҳрири дуюмаш «Ғурмагас», 1982), «Дон Кихот»-и Сервантес, «Тил Уленшпигел»-и Шарл де Костер, «Ҳамлет» ва «Якпула савдо — садпула ғавғо»-и У. Шекспир, «Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островокий, «Егор Буличёв ва дигарон»-и М. Горкий ва боз чандин асарҳои дигар аз осори драматургҳои ҷаҳон ва советӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Депутати Совети Олии Респуликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 2—5). Солҳои 1961—63 узви Президиуми Совети Олии Респуликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1943—71 узви Правленияи Иттифоқи Нависандагони СССР буд. Бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамо- таҳои фахрии Президиуми Совети Олии Респуликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ходими Хизматнишондодаи санъати Респуликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1962). Аз соли 1934 узвм Иттифоқи Нависандагони СССР.

Осор: Асосҳои мунтахаб, ҷилди 1—4, Душанбе, 1987— 78; Мунтахабот, ҷилди 1—2, 1982; Единение. Избранное статьи и очерки, Душанбе, 1983.

Адабиёт: Шукуров М., Насри солҳои 1945—1974, дар китоби: Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо, ҷилди 4, Душанбе, 1980; Демидчик Л. Н., Таджикская драматургия 40—50 годов, Душанбе, 1985.       Л. Демидчик, М. Шукуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …