Маълумоти охирин

СОПРАНО

СОПРАНО (италиёӣ sorpano—баланд), 1) овози баландтарини сарояндагиро гӯянд. Ҷиҳати муҳими Сопрано он аст, ки регистри баландаш нағз инкишоф ёфта бошад. Ба Сопрано одатан овози занон ва бачаҳо рост меояд. Дар хор махсусан овози бачаҳо бисёр форам садо медиҳад (онҳоро диска итистҳо меноманд).

Се намуди асосии Сопранои занона мавҷуд аст: драмавӣ, лирикӣ ва колоратурӣ. Сопранои драмавӣ аз дигар Сопраноҳо бо иқтидори овоз (дар тамоми диапазон) ва зичии регистри поён фарқ мекунад. Сопранои лирикии драмавӣ низ вуҷуд дорад.

Сопранои лирикӣ тембри мулоими хос дорад. Сопранои колоратурӣ овози озод буда, дар регистри баланд (то фа ва баъзан то соль-и октаваи сеюм мерасад) суруда мешавад. Сопранои лирикию колоратурӣ низ мавҷуд аст. 2) Баландтарин партияи овоз дар хор. 3) Асбобҳои мусиқии гуногуне, ки садои регистрашон баланд аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …