Маълумоти охирин

СОПРАНО

СОПРАНО (италиёи sorpano—баланд), 1) овози баландтарини сарояндагиро гуянд. Чихати мухими Сопрано он аст, ки регистри баландаш нагз инкишоф ёфта бошад. Ба Сопрано одатан овози занон ва бачахо рост меояд. Дар хор махсусан овози бачахо бисёр форам садо медихад (онхоро диска итистхо меноманд).

Се намуди асосии Сопранои занона мавчуд аст: драмави, лирики ва колоратури. Сопранои драмави аз дигар Сопранохо бо иктидори овоз (дар тамоми диапазон) ва зичии регистри поён фарк мекунад. Сопранои лирикии драмави низ вучуд дорад.

Сопранои лирики тембри мулоими хос дорад. Сопранои колоратури овози озод буда, дар регистри баланд (то фа ва баъзан то соль-и октаваи сеюм мерасад) суруда мешавад. Сопранои лирикию колоратури низ мавчуд аст. 2) Баландтарин партияи овоз дар хор. 3) Асбобхои мусикии гуногуне, ки садои регистрашон баланд аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …