СОНГМӢ, ҷамоае дар музофоти Куангнгайи Ветнами Ҷанубӣ, ки номи он рамзи ваҳшонияти ғайриинсонии ҳарбиёни америкоӣ дар давраи ҷанги таҷовузкоронаи онҳо дар Втнам гаштааст. 16 марти 1968 тақрибан 500 нафар аҳолии ҷамоа тирборон, чорво ва киштзорҳо нобуд карда, хонаҳо оташ зада шуданд. Ҳарбиёни америкоӣ бо ин амалиёти разилонаи худ кушиш намуданд аҳолии Ветнами Ҷанубиро тарсонанд ва маҷбур созанд, ки аз дастгирии қувваҳои ватандусте, ки баҳри озодӣ ва истиқлолият мубориза мебаранд, даст кашанд. Ҷинояти дар Сонгмӣ содиршуда қаҳру ғазаби аҳли ҷаҳон, аз ҷумла аҳолии ШМА-ро ба амал овард.