Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ

СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ

СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ (таваллуд 1838, Бухоро — соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи тоҷик. Баъд аз хатми мадраса дар хидмати амир Музаффар ва амир Абдулаҳад буд. Ба тақозои хидмат ӯ маҷбур буд, ки дар сафарҳои ҳарбии амирон ҳамроҳӣ кунад. У шоҳиди ҷанги байни Россияи подшоҳӣ ва аморати Бухоро (1868) буда, ин воқеаро дар китоби худ «Таърихи салотини манғития» ба тафсил навиштааст. Дар китоб муаллиф ҷаҳолат, ақибмонӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкаронро бо тамасхур баён карда, баъзе тартиботи аморатро танқид менамояд.

Сомӣ бо Аҳмади Дониш ва Садри Зиё барин шахсони пешқадами давр робита доштааст, Дар пириаш аз дарбор ронда шуд. Бо китобати дастхатҳо рӯз мегузаронид. Сомӣ дар манзумаи «Миръот-ул-хаёл» (як нусхааш дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсилистии Узбекистон маҳфуз аст) аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш ривоёти аҷоиб ва маълумоти пурқимат овардааст. Асарҳои дигари машҳури (1 «Санъати махзун», «Тӯҳфаи шоҳӣ» мебошанд. Ашъорашро асосан ба забони тоҷикӣ ва як қисмашро ба ӯзбекӣ навиштааст. Дар ғазалҳои ӯ ба ғайр аз мавзӯи анъанавии ишқ оҳангҳои сиёсӣ, шикоят аз замона низ ҳис мешаванд.

С. Алиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …