Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОМАЛИГИҲО

СОМАЛИГИҲО

СОМАЛИГИҲО, халқест дар нимҷазираҳои Сомалии Африка. Дар Республикаи Демократии Сомалӣ, ноҳияҳои сарҳадии Эфиопия, инчунин дар Кения ва як қатор мамлакатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Шумораашон 4350 ҳазор (1978). Забони Сомалӣ ба забонҳои кушити мансуб аст. Диндорон мусулмони сунимазҳабианд. Дар ноҳияҳои қадимаи нимҷазираҳо байни Сомалӣ унсурҳои сохти ҷамоаи қавми-авлодӣ боқӣ мондаанд. Машғулияти асосиашон—чорводори (уштур ва чорвои калони шохдор); зироат бештар дар водии дарёҳои Веби-Шебели ва Чуба инкишоф ёфтааст. Дар натиҷаи муборизаи миллии озодихоҳии Сомалигиҳо соли 1960 республикаи мустақили Сомалӣ таъсис ёфт.

somalogi

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …