Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛИЕВ Сафар

СОЛИЕВ Сафар

СОЛИЕВ Сафар (таваллуд 10. 3. 1925, деҳаи Қушбулоқи ҳозира ноҳияи Куйбишев, вилояти Қӯрғонтеппа), пахтакор, ҚаҳрамониМеҳнатиСосиалистӣ (1965), Устодипахтаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1973). Аъзои КПСС аз соли 1961. Солиев 1968 Совхозтехникуми ба номи Куйбишеви Қӯрғонтеппаро хатм кард. Солҳои 1941—48 колхозчии колхози «Уйяли»-и ноҳияи Куйбишев, 1948—57 коргар, мудири анбор, 1957—59 сардори бригадаи сабзавоткорӣ, 1959—65 сардори бригадаи пахтакории совхозтехникуми ба номи Куйбишеви шаҳри Қӯрғонтеппа. Аз соли 1966 коргари ҳамин совхоз. Дар инкишофи пахтакории район саҳми калон дорад. Депутати Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 6 ва 7), аз соли 1963 аъзои Комитети Марказии Партияи Комунистии Тоҷикистон. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1976). Бо ду ордени Ленин, ордени Революцияи Октябр, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …