Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СЕ – сои мусалласа

СЕ – сои мусалласа

СЕ, сои мусалласа, номи ҳарфи чоруми алифбои арабӣ ва панҷуми алифбои арабӣ асоси тоҷикӣ. Дар забони адабии имрӯзаи тоҷик Се ба монанди С (эс) талаффуз мешавад. Талаффузи ин ҳарф дар забони араби аз талаффузаш дар забони тоҷикӣ фарқ дорад. Ҳарфи аз ҳарфи «тав» ( хати финиқӣ) пайдо шудааст. Маънои калимаи «тав» «салиб» мебошад. Якчанд калимаҳои иқтибосии арабӣ бо ҳарфи Се навишта мешаванд. Қимати ададии Се  дар ҳисоби абҷад ба 500 баробар аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …