Маълумоти охирин

СОҲИБӢ

shakarak

СОҲИБӢ, шакарак, як навъ ангури миёнасолию дерпазакро гӯянд. Селекцияи халқӣ. Асосан дар ноҳияҳои Ашт, Уротеппа, Хуҷанд. Шаҳртуз, Колхозободи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, районҳои токдории вилоятҳои Тошкент, Фарғона ва Самарқанди Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон, Закавказия, инчунин дар Эрон, Туркия, Ҳиндустон васеъ паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 28—30%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш калон (дарозиаш 18,5 см ва бараш 18 ом), мудаввари панҷпарра, калонхӯша (дарозиаш 22—27 см, бараш 15 см), 400—468 г. Донааш калон (дарозиаш 25—28 мм ва бараш 18 мм), байзашакл, сергӯшти ширин, пӯсташ тунук, 4—5 тухм дорад. Баъди пухтан гулоби ё сурх мешавад, 20—21,2% қанд ва 4,2 г/л туршӣ дорад.

Соҳибӣ гармидӯст ва серҳосил аст, дар заминҳои серхоку санглох, нишебио, инчунин заминҳои лалмӣ нағз месабзад. Даври нашваш 136—150 рӯз; май гул карда, сентябр мепазад. Ба ҳисоби миёна 108—210 ц/га ҳосил медиҳад. Асосан барои тархӯрӣ, маикашӣ ва корҳои селекционӣ истифода мебаранд. Соҳибӣ аз ҷел, баршечаки ток ва дигар касалиҳо кам зарар мебинад.                        Д. Шукуров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …