Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБИРОВА Малика Абдураҳмоновна

СОБИРОВА Малика Абдураҳмоновна

sobirova-malika

СОБИРОВА Малика Абдураҳмоновна (таваллудаш 22. 5. 1942, Душанбе — 27. 2. 1982, ҳамон ҷо) артисткаи балети советии тоҷик. Артистии Халқии СССР (1974). Аз оилаи навозанда. Солҳои 1953—1961 дар Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи Ленинград таҳсил кардааст. Соли 1961 ва аз соли 1963 то охири умр солисткаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Соли 1962— 63 дар саҳнаи Театри калони СССР таҳти роҳбарии Г. Уланова кор карда, санъати худро такмил дод. Собирова намояндаи барҷастаи мактаби русии рақси классикист. Ба санъати ӯ техникаи олӣ, фасоҳат ва дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ хос буд. Образҳои эҷодкардаи Собирова мукаммал ва серпаҳлӯ буданд. Одаттан фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарво. Собирова дар балетҳои миллӣ як қатор обраҳои дурахшон офарида, барои кушодани характери қаҳрамонон аз техникаи рақси классикӣ ва обуранги рақси миллии тоҷикӣ истифода мебурд. Собирова унсурҳои рақси клаосикӣ ва миллии тоҷикиро моҳирона ба ҳам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ба Собирова муяссар шуд, ки дар балетҳои романтикӣ («Жизель», «Шурале», «Ромео ва Ҷульетта», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Темурмалик» ва ғайра) партияҳои асосиро бо маҳорати комил бозад. Партияҳои драмматикӣ ва лирикиро низ бомуваффақият иҷро мекард. Образҳои хореографие, ки Собирова эҷод кардааст, хеле мукаммал ва аз ҷиҳати психологӣ амиқ буданд. Дар образҳои қаҳрамонию романтикии Жизель («Жизель»), Заррина («Қиссаи кӯҳсор»), Саодат («Писари Ватан») ва ғайра Собирова тантанаи корнамоӣ ва фидокориро таҷассум кардааст. Фаъолияти консертии Собирова махсусан аз соли 1964 ривоҷ ёфт. Собирова  партияҳои зеринро иҷро кардааст: Одетта («Кӯли қувон»-и П. Чайковокий, 1962), Жизель («Жизель»-и А. Адая, 1963), Сарри («Бо роҳи раъди гуррон»-и А. Қароев, 1964), Заррина, Саодат («Қиссаи кӯҳсор», 1965 ва «Писари ватан»-и Ю. Тер-Осипов, 1966), Китри («Дон-Кихот»-и Л. Минкус, 1968), Ҷульетта («Ромео ва Ҷульетта»-и С. Прокофев, 1969), Лайлӣ («Лайли ва Маҷнун»-и С. Баласаиян, 1970), Заррина («Темурмалик»-и М. Ашрафӣ, 1972), Золушка («Золушка»-и С. Прокофьев, 1973), Никия («Бандерка»-и Минкус, 1974) ва ғайра. Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ иштирок кардааст; «1002 шаб» (1966), «Малика» (1967), «Адажио» (1971), «Қисоаи шарқӣ» (1972).  Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати 8 (1971). Лауреати конкурси байналхалқии балети классикӣ дар Варна (1964) ва конкурси байналхалқии артистони балет дар Москва (1969). Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷ. ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (1967). Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, лауреати Мукофоти комсомоли ленинии РСС Тоҷикистон (1967). Бо ордендои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

                                                                                         К. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …