Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМОЛНИЙ

СМОЛНИЙ

smolniy

СМОЛНИЙ, ёдгории таърихӣ- револютсионӣ ва меъморист дар Ленинград. Бинои собиқ Институти ашрофдухтарон, ки солҳои 1806—08 сохта шудааст. Соли 1917 дар Смолний Совети Петроград ва Комитети ҳарбию револютсионии Петроград ҷойгир буд. Дар рӯзҳои шӯриши мусаллаҳонаи Октябр Смолний штаби марказии қувваҳои револютсионӣ буд. Дар толори калони Смолний 25—27. 10 (7—9. 11) Съезди 2-юми умумироссиягии Советҳо шуда гузашт. Баробари ғалабаи Револютсияи Октябр Смолний ба резиденсияи расмии ВЦИК ва Ҳукумати Советӣ табдил ёфт. Дар Смолний СКХ, наркоматҳо, КМ РКП(б) ва аппарати органҳои марказии партия ҷой гирифт. Аз ноябри 1917 то 10 марти 1918 (дар хонаи рақами 86, ошёнаи 2-юм, ҳоло Музеи ёдгорӣ) В. И. Ленин истиқомат ва кор кардааст. Баъди ба Москва кӯчидани Ҳукумати Советӣ (марти 1918), дар Смолний Совети Петроград ва органҳои роҳбарикунандаи партиявии шаҳр ва губернияи Петроград ҷойгир шуд. Дар Смолний ҳоло комитетҳои шаҳрӣ ва вилоятии КПСС, Комиҷроияи Совети вилоятии Ленинград, дар дайри Смолний комитетҳои вилоятӣ ва шаҳрии ВЛКСМ, Институти таърихи партияи назди комитети вилоятии КПСС ҷойгиранд. Комплекси меъмории Смолний яке аз ансамблҳои намоёни меъмории шаҳр аст. Дайри Смолний (як қисми ансамбл) намунаи барҷастаи услуби баронкои рус ба шумор меравад, ки дар асоси лоиҳаи В. В. Растрелли бунёд шудааст; интерьер ва ҳуҷраҳоро (солҳои 1832— 35) меъмор В. П. Стасов оро додааст. Дар назди дайр бинои мӯҳташам ва таносубан мукаммали собиқ Институти ашрофдухтарони Смолний ҷойгир аст, ки бо услуби классисизм (даври охираш) сохта шудааст. Солҳои 923—32 дар назди ин бино пештоқи классикӣ, гулбоғ (ҳар ду объект —1923—25, меъморон В. А. Шуко ва В. Г. Гелфрейх), ҳайкали ёдгории В. И. Ленин (1927, ҳайкалтарош В. В. Коэлов), бюстҳои К. Маркс ва Ф. Энгелс (1032, ҳайкалтарош С. А. Евсеев) сохта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …