Маълумоти охирин

СМЕТА

СМЕТА, 1) Сметаи муассисаҳои бюҷетӣ — ҳуҷҷати асосии планӣ барои таъмини молиявии хароҷоти муассисаҳо аз ҳисоби бюҷети давлатӣ. Дар СССР ҳаҷм ва тақсими маблағгузории бюҷетиро барои тамоми хароҷоти корхона Сметаи муассисаҳои бюҷетӣ муайян мекунад.

  2)         Сметаи хароҷоти истеҳсолот — дар СССР мувофиқи план ҷудо кардани маблағи хароҷоти корхона, иттиҳодия ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ барои истеҳсоли куллии маҳсулот ва хизматрасонӣ. Дар Смета ҳамаи ҷузъҳои харҷи корхона барои истеҳсоли маҳсулот сарфи назар аз таъинот ва объекти истеҳсолӣ муайян карда мешавад. Сметаро дар асоси плани молиявӣ ва техникии корхона тартиб медиҳанд.

  3)         Сметаи сохтмон — маҷмӯи муҳосибаҳои нормативӣ, ки нархи умумии (сметавии) сохтмони биною иншоот ва дигар сохтмонҳои истеҳсолиро муайян карда, қисми таркибии лоиҳаи онро ташкил медиҳад.

smeta

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …