Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКОРОДИТ

СКОРОДИТ

scorodite

СКОРОДИТ (аз юнонӣ skorodon— сир, саримсоқ; ин тавр номида шуданаш вобасто ба бӯест, ки Скородит ҳангоми зарб хӯрдан мебарорад), минералест аз зерсинфи арсенатҳо. Скородити дар таркибаш то 7,1 % А12О3 доштаро алюмоскородит, агар аз 16% зиёд P2 O5 доштта бошад, фосфоскородит меноманд. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ. Кристаллҳояш дипирамидаю призмашакл; бештар дар шакли агрегатҳои зич, хокамонанд, сферолитҳо ва друзаҳои майдакристаллӣ дучор меояд. Рангаш сабзтоб, сабзи хокистартоб, бӯр. Сахтиаш 3,5—4; зичиаш 3100—3300 кг/м3. Асосан дар зонаи оксидшавии конҳои арсенопирит ва лёллингит ҳосил мешавад; аз Скородит ва ин минералҳо марги муш мегиранд. Конҳои Скородит дар СССР (Қазоқистон. Ӯзбекистон, Забайкалия, Урал), ШМА, Бразилия ва ғайра мавҷуданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …