Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЁҲЗАМИН

СИЁҲЗАМИН

СИЁҲЗАМИН, сиëҳхок, як навъ хоки дашту бешадашти минтақаҳои иқлимашон мӯътадил ва хушкро гуянд. Сатҳи он (то чуқурии 20—50 см) порухоки хокистарии сиёҳтоб буда, рангаш тадриҷан кушод мешавад; поëнтар аз он ҷинсҳои кӯҳӣ ҷойгиранд. Сиëзамин дар сатҳи ҷинсҳои кӯҳӣ (ғайр аз рег) бештар дар сатҳи гилрегҳои зардчаву карбонатӣ ҳосил мегардад. Порухоки Сиëҳхок аз 4% то 14%. Дар сиëҳхок моддаҳои барои растанӣ зарур бисëранд. Микрофлораи хок нитрогенро зуд аз худ карда, қисман ба нитратҳо табдил медиҳад. Сиëҳхокро табиӣ сохти хуби ғурӯшанок дорад ва ҳосилхез мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …