Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИРАТ Абулфазл

СИРАТ Абулфазл

СИРАТ Абулфазл (соли таваллудаш номаълум, Балх — вафоташ 1898, Бухоро), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои давом додани таҳсил ба Бухоро омадааст. Пас аз хатми таҳсил ба таълиму тадрис пардохт. Ӯ аз илмҳои шеъру адаб, луғат, таърих ва ғайра вуқуфи комил дошт. Ашъори Сират аз ғазал, рубоӣ, фард, қитъа, муаммо иборат буда, дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, васфи табиат суруда шудаанд. Сират дар ашъораш санъатҳои гуногуни бадеӣ — таҷнис, муроотунназир, тазмин ва мақолу зарбулмасалҳои халқиро моҳирона истифода кардааст. Абёти зер намунае аз сурудаҳои Сират мебошанд:

Эй каҷкулаҳ! Аз ту гила дорам ба ду чиз:

Дер омадӣ, Зуд гузаштӣ ба ситез.

Ашкам, ки ба гӯшаи кулоҳат ҷо ёфт,

Аз баҳри худо кулоҳ «қаҷ дору марез».

М. Чалилова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …