Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИПЕҲРИИ ЗАВОРАӢ Мирзобек

СИПЕҲРИИ ЗАВОРАӢ Мирзобек

СИПЕҲРИИ ЗАВОРАӢ  Мирзобек (соли таваллудаш номаълум, Завора — вафоташ 1571, Ҳиндустон), шоири форс-тоҷик. Аввал дар Исфаҳон мезист. Пас ба назди бародараш Хоҷа Аминуддин маъруф ба Хоҷаи Амини мулаққаб ба Хоҷаи Ҷаҳон — вазири Акбаршоҳ ба Ҳиндустон рафт ва он ҷо аз дунё даргузашт. Ба қавли тазкиранависон Сипеҳрти 3авораӣ дар анвои гуногуни шеър асарҳо офаридааст; махсусан, ғазалро неку месуруд ва девонаш ҳазор байт (баъаеҳо 10 ҳазор байт гуфтаанд) меомад. Сипеҳрии 3авораӣ инчунин донишманд ҳам буда, илмҳои нуҷуму риёзиётро хуб медонистааст. Дар масоили назарии тасаввуф маснавие таълиф карда буд,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …