Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНТАГМАТИКА

СИНТАГМАТИКА

СИНТАГМАТИКА, яке аз ду ҷиҳати омӯзиши забон (баробари парадигматика), ки маҷмӯи қоида ва қонунҳои истеъмоли пайдарҳами хаттии воҳидҳои забонро дар ҷараёни нутқи хаттӣ ё даҳонӣ меомӯзад. Фарқи ду ҷиҳати омӯзиши забон ба ду тарзи муносибати воҳидҳои забон — муносибатҳои пара- дигматикӣ (мавҷудияти воҳидҳои забон ҳамчун воҳиди луғавӣ) ва муносибатҳои синтагматикӣ (қонуну қоидаҳои истеъмоли воҳидҳои забон дар нутқ) вобаста аст. Масалан, дар ҷумлаи «Ман омадам» байни калимаҳои ман, омад ва морфемаи -ам муносибати синтагматикӣ мавҷуд аст; калимаи аввал мубтадо, калимаи дуюм хабар аст. Байни калимаи ман ва морфемаи -ам низ ҳамин хел муносибат мавҷуд аст, зеро ин морфема танҳо бо ҳамин калима омада метавонад. Дар айни замон ин се унсур бо калима ва морфемаҳои дигар муносибати парадигматикӣ доранд: ба ҷои калимаи ман калимаҳои ту, вай, касе, шахсе, ба ҷои омад, ой, ё о, ба ҷои -ам бандакҳои -ӣ, -ем, -ед, -анд истифода шуда метавонанд. Муносибатҳои синтагматикӣ аз муносибатҳои парадигматикӣ аз чанд ҷиҳат фарқ мекӯнанд: а) дар Синтагматика воҳидҳои забон тобеи принсипи «пеш ё қафо», «якум ё дуюм», «аввал ё охир» мебошанд, аммо дар парадигматика қоидаи «ё ин — ё он» ҷорист; б) барои зоҳир шудани муносибатҳои синтагматикӣ вақт (замон) ва макон (дар хат) лозим аст. Дар парадигматика ду порчаи нутқ (масалан, овозҳои б ва п)-ро дар як лаҳза муқоиса карда метавонем. Дар Синтагматика замоне (ё маконе) лозим аст, то ин ду овоз (ё ҳарф) паи ҳам истеъмол шаванд; в) муносибатҳои синтагматикӣ дар ҳиҷо, морфема, калима, ҷумла, банд, матн ҳамеша зоҳир мешаванд, лекин муносибатҳои парадигматикӣ дар майнаи соҳибони забон ба шакли парадигма маҳфузанд; г) дар парадигматика муносибати ин ё он воҳиди забон тазодист. Дар Синтегматика бошад тазоди воҳидҳои забон дар алоқаи пайдарпаи онҳо зоҳир мегардад; д) фарқи воҳидҳои забон дар парадигматика мутлақ, дар Синтегматика бошад нисбист. Масалан, фонемаҳои д ва т берун аз матн фарқ мекунанд, аммо дар муносибати синтагматикӣ фарқи онҳо аз байн меравад (калид — калит, кабуд — кабут, аз сар — ассар ва ғайра). Синтегматика инчунин як шӯъбаи синтаксис низ дониста мешавад, ки вазифаи он омӯзиши ибораҳо (синтагмаҳо) мебошад.

Т. Хаскашев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …