Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИФАТИ МЕҲНАТ

СИФАТИ МЕҲНАТ

mehnat

СИФАТИ МЕҲНАТ, дараҷаи мураккабӣ, шиддатнокӣ ва душвории меҳнатро гӯянд. Сифати меҳнат мафҳуми умумӣ буда, дар ҳолати мӯътадил барои таъмини талаботи ҷамъият, ташкили мақсадноку иҷро шудани меҳнатро ифода мекупад. Ба маънои нисбӣ баъзан Сифати меҳнат ҳамчун сифати кор фаҳмида мешавад.

  Дар давраи капитализм Сифати меҳнат тарзи дигари ифодаёбии сифати қувваи коргарӣ мебошад. Вай вобаста ба таносуби талаботу таклифот ба ин ё он сифати қувваи коргарӣ дар музди меҳпат ба таври стихиявӣ инъикос меёбад.

  Сифати меҳнат дар давраи сотсиализм мувофиқи қонунҳои иқтисодии тақсимот аз рӯи миқдор ва сифати меҳнат бо ёрии системаи тарифа ва ҳавасманд кардани музди меҳнат дар музди кор зоҳир мешавад. Барои муайян кардани Сифати меҳнат бояд харҷи меҳнат ва натиҷаи ба дастомада бо ҳам муқоиса карда шавад.

  Дар аксари мамлакатҳои сотсиалистӣ воситаи асосии дифференсиатсияи музди кор мувофиқи Сифати меҳнат системаи тарифа мебошад. Ҳамаи корҳои пҷрокардаи коргарон вобаста ба мураккабиашон ба дараҷаҳои системаи музд тақсим мешаванд, кп тавсифи онҳо дар маълумотномаҳои тарифаю квалификатсионӣ дода шудааст. Маълумотномаҳои тарифаю квалификациониро барои ба дараҷаҳои системаи музд тақсим кардани коргарон (ихтисосро ниа ба ҳисоб мегиранд) ҳам истифода мебаранд. Дар ҷадвали тарифҳо ба ҳар як дараҷа коэффитсиенти муайян музд дода мешавад. Баробари баланд шудани малакаи коргар ба ӯ дараҷаи баландтари ихтисос медиҳанд ва иҷрои кори нисбатан мураккабро ба зиммааш мегузоранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …