СИДНЕЙ, Сидни (Sidney), шаҳри сернуфузтарин дар Австралия. Маркази тиҷорату молияи мамлакат, узели муҳими нақлиёт. Маркази маъмурии штати Уэлси Ҷанубии Нав. Аҳолиаш 3310 ҳазор нафар (1982).
Сидней— маркази калони саноатӣ. 3аводҳои мошинсозии нақлиётӣ ва электротехникӣ, истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, ҳисобмошинҳо ва яхдону асбобсозӣ мавҷуданд; металлургияи сиёҳ ва ранга, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, полиграфӣ ва ғайра низ тараққӣ кардааст. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Сидней соли 1788 бино ёфтааст.