Маълумоти охирин

ШӮХУТА

ШӮХУТА (Halostahcys belangeriaua), як навъ буттаи сершохест, ки одатан дар маҳалҳои шӯрзамин месабзад; аз рӯи таснифоти ботаникӣ ба оилаи шураиҳо тааллуқ дорад. То 3,5 м (диаметри танааш 5—8 см) қад мекашад. Шохчаҳои яксолааш банд-банди сероб. Баргаш пулакчашакл, сегуша, сероб. Гулаш дуҷинса, хушагулаш саракмонанд. Тухмаш байзашакл, ҷилодор (дарозиаш тақр. 0,75 мм). Июль —сент. Гулу мева мекунад. Ш. дар Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Хитои Ғарбӣ ва СССР, аз ҷумла Тоҷикистон (ноҳияҳои соҳили д. Сир ва ҷан. республика) нашъунамо меёбад; одатан дар шуртеппаҳо, газзор ва ҷигдаву туронғазори шурзамини туғай (аз с. б. 320— 800 м) вомехурад.

Шохчаҳои сабзи Ш.-ро шутур нағз мехурад. Хокистараш серсода аст.

shura

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …