Маълумоти охирин

ШУШ

ШУШ, узви нафаскашии баъзе моҳиҳо (паҷаболҳо, серболҳо), муҳрадорони хушкигард ва одамро гуянд. Тавассути Ш. байни ҳавои Ш. ва хуни муйрагҳои он мубодилаи газ ба амал меояд. Ш.-и моҳиҳои нафаскашиашон духела (ғалсама, шуш) ва серболҳо узви ҷуфт буда, халтачамонанд аст; Ш.-и муҳраҳо-рони хушкигард аз Ш.-и моҳиҳои панҷаболи қадим пайдо шудааст. Ш.-и ҷонварони ширхур ва одам дар қафаси сина ҷойгир шуда, бо парда (плевра) пушида шудааст. Одатан Ш. узви ҷуфт (ба истиснои баъзе ,обхокиҳо, калтакалоси бепой ва мор) мебошад. Баъзе самандарҳо (саламандрҳо) Ш. надоранд. Ш.-и паррандаҳо дар қисми ақиби қафаси сина ҷойгир шуда, камҳаракат аст.

shush

Ш.-и одам дар ду тарафи дил ҷойгир шудааст. Дар миёнаҳои қисми ба дил нигарони Ш. даромадгоҳи Ш. мавҷуд аст, ки ба он бронхи асосӣ ва сурхраги шуш дохил шуда, сиёҳраги шуш мебарояд. Бофтаҳои Ш. нарму чандиранд. Ш.-и рост нисбат ба Ш.-и чап кутоҳ ва васеътар мебошад. Ш.-и чап аз қисмҳои болоию поёнӣ ва Ш.-и рост аз қисмҳои болоӣ, миёна ва поёнӣ, ки дар байнашон ҷуякҳои каму беш чуқур мавҷуданд, иборат аст. Ҳар як Ш. ба 10 сегмент (қисм)-и бронху шуш тақсим мешавад. Аз ной пайвастшавии сегментҳо венаҳои сегмента мегузаранд. Сегментҳо боз ба қисмҳои хурде тақсим мешаванд, ки баландиашон 9—27 мм аст. Тавассути бронхҳо ба Ш. ҳаво меояд. Қасабаи шуш (бронхҳо) тақрибан ба бронхҳои хурди дуюмин, сеюмин ва ғ. ҷудо мешаванд. Бронхиола (шохаи охирини бронх)-ҳо роҳҳои алвеолавӣ доранд, ки девораашон бо ҳубобчаҳо (алвеолаҳо) пушида шудаанд. Дар алвеолаҳо (зиёда аз 700 млн) байни муҳит ва организм мубодилаи газ ба амал меояд. Девораи алвеолаҳо ниҳоят маҳин буда, ба миқдори зиёд нахҳои чандир дорад. Хуни венагӣ ба Ш. тавассути артерияи Ш. меояд. Артерияи Ш. низ мисли бронхҳо шохаронда аст. Кори шуш (мас., танг ё васеъ шудани рагҳои хун ва қасабаи шуш)-ро торҳои асаби симпатикӣ ва парасимпатикӣ танзим мекунанд. Ба воситаи Ш. инчунин моеот ва баъзе маҳсули газшакл низ ҷудо мешавад. Ҳаҷмми Ш. ба қаду қомат, ҷинс, синну сол ва тараққиёти ҷисмонии шахс вобаста аст. Ҳаҷми ҳаётии Ш.-и мардҳо 3500 —4500 (баъзан 6000) ва занҳо 2500 —3500 мл мебошад. Ш. дар доимӣ нигоҳ доштани ҳарор. бадан, танзими лахташавии хун, мубодилаи сафеда, чарбу ва карбогидратҳо, инчунин муҳофизати организм аз бактерияҳо иштирок мекунад. Газаки шуш (пневмония), эмфиземаи шуш, сил ва ғ. бемориҳои нисбатан маъмули Ш.-анд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …