ШӮРХОК, шураюк, шурзамин, хокеро гӯянд, ки дар таркибаш миқдори намакҳои минералии дар об зудҳалшаванда зиёд (беш аз 0,25 %) аст. Дар СССР 52,3 млн га ё 2,4%-и замин Ш. аст; асосан дар Украинаи ҷанубӣ, Поволжня, Осиёи Миёна (тақр. нисфи заминҳои кишт) ва ноҳияҳои диг. ҷой гирифтааст.