Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ УРОТЕППА (1875)

ШӮРИШИ УРОТЕППА (1875)

ШӮРИШИ УРОТЕППА (1875), хуруҷи калони халқиро гӯянд, ки дар натиҷаи истисмори сахти мустамликадорон, ҷабру ситами маъмурони маҳаллӣ ва ниҳоят   тоқатфарсо шудани андозҳо, ба амал омада буд. Шуриш 1 май сар зад. Ба Уротеппа омадани губернатори ҳарбии вил. Сирдарё (Головачев) баҳонаи он гардид. Халқ мехост, ки бо намояндаи губернатор гуфтугу намояд. 8 наф сардори шуршп (Исо-мирохӯр, Мирзо Юсуф, Надир Муҳаммад, Ҳасан аз ш. Уротеппа, Муҳаммад Амин, Аваз Муҳаммадов аз Ғончӣ, Бобо Калон аз деҳаи Сӯфӣ Ориф ва Муҳаммад Носир аз маҳалли Саёт) ҳамон замон дастгир ва ҳабс карда шуданд. Девиер ба пароканда кардани издиҳом амр дод, вале фармони уро касе гуш накард. Ба ёрии Девиер ва тарафдоронаш аскарони гарнизони Уротеппа шитофтанд. Фақат баъди кушиши якҷоя онҳо халқро пароканда карданд. Баъди ин фоҷеа намояндагони халқ ба Тошкент рафта ба губернатори ҳарбӣ якчанд талабҳо (тафтиши ғайриқонун андоз Ситонидан тартиб андохтани тарзи гирифтани андозҳо аз аҳолӣ, аз андозҳои иловагӣ озод кардани сардорони шуриш ивази ҳайати идораи хоҷагӣ ва барои корҳои ғайриқонуниаш ҷазо додани Мулло Абдурраҳмон) пешниҳод карданд. Ҳукумати подшоҳӣ маҷбур шуд, ки барои муайян намудани сабаби хуручҳо дар музофоти Уротеппа тафтиш cap кунад. Тафтиш барои халқ беҳбудие наовард. Гунаҳгорон дар сари мансаб, ҳақиқатҷӯён дар паси панҷара монданд. 10 наф. намояндаи ба Тошкент ба шикоят рафтаро ҳам ҳабс карданд. Мулло Абдурраҳон ва диг. гунаҳгорон бо роҳи тарсондан, пораю ришвадиҳӣ, оқсақолону панҷоҳбошиҳоро (пятидесятников), ки дар ибтидо тарафдори халқ буданд, ба тарафи худ кашиданд.

Қувваи пешбарандаи Ш. У. ҳунармандони шаҳр ва деҳқонон буданд. Шуриш ваҳшиёна пахш карда шуд. Ш. У. ҳарчанд шикаст хурда бошад ҳам, аҳамияти калон дошт. Зеро мутлақият аз ғазаби халқ тарсида дар маҳалҳо ба тағйир додани аппарати идоракунӣ cap кард. Минбаъд ба ҳама андоздиҳандагон ҳуҷҷати адои қарз (бо нишон додани миқдораш) дода мешуд.

Ад.; Мухторов А., Очерк истории Уратюбинского владения в XIX в.. Д.

  1. А. Мухторов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …