Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СУҒДИЁН (720—722)

ШӮРИШИ СУҒДИЁН (720—722)

ШӮРИШИ СУҒДИЁН (720—722), шурише, ки дар Суғд бар зидди истилогарони араб ба амал омадааст. Сабаби асосии шуриши вазнинии хироҷ ва дигар андозҳои истилогарон буд. Аввали с. 720 мардуми якчанд шаҳр ва деҳоти Суғд хуруҷ кард. Барои ёрӣ ба шуришгарон хоқонии турк қушун фиристод. Шуришгарон якҷоя бо қушуни хоқони турк ба маҳалли сипоҳиёни арабҳо дар Самарқанд ҳуҷум карданд. Арабҳо 40 ҳаз. дирҳам пул дода ва 70 касро гарав монданд ва бастани сулҳро талаб намуданд. Волии Хуросон ба сипоҳиёни дар муҳосира мондаи арабҳо қувваи калони ҳарбӣ фиристод. Суғдиёну туркҳо бо қушуни волии Хуросон ҷангида, ақиб нишастанд. С. 721 қисми асосии шуришгарон ба Фарғона рафтанӣ шуданд. Дар Хуҷанд ба онҳо арабҳо ногаҳон ҷудум оварданд. Шуришгарон маҷбур шуданд барои ба Суғд баргаштану додани хироҷ розӣ шаванд. Гуруҳи дигари шуришгарон бо роҳбарии Деваштич ба тарафи Зарафшон рафт ва дар онҳо бо қушуни истилогарон ру ба ру шуда шикаст хурд.

А.Ҷалилов

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …