Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲ

ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲ

ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲ, баромади мусаллаҳонаи гуруҳҳои иҷтимоӣ ё синфҳо ба муқобили ҳукумати сиёсии мавҷударо гӯянд. Ш. м. якчанд хел мешавад: шуриши мусаллаҳонаи оммавии революционӣ бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ гузаронида мешавад; баромади гуруҳи офицеронро бо мақсади барпо намудани диктатураи ҳарбӣ балво меноманд, Ш. м.-е ки мақсади реакционӣ дорад, исён номида мешавад.

Шӯриши Спартак
Шӯриши Спартак

Назарияи марксистӣ б а чунин шакли Ш. м., ки бо иштироки оммаи васеи халқ ба муқобили синфҳои ҳукмрон нигаронида шуда, яке аз воситаҳои бо роҳи революционӣ ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад, аҳамияти махсус медиҳад. III. м. .ҳангоми тезутундшавии муборизаи синфӣ дар шароите, ки синфҳои ҳукмрон бо роҳи зӯрӣ ҳокимияти худро нигоҳ доштанӣ мешаванд, фаро мерасад. Марксизм ҳама гуна -ақидаҳои бланкистӣ ва дигар таълимотҳои авантюристиро, ки вазъияти революциониро ба назар нагирифта, Ш. м.-ро ягона воситаи ба амал баровардани революция медонанд ва ба ҳаракати революционӣ зарар мерасонанд, рад мекунад Ш. м. ҳамон вақт мумкин аст, ки агар имконияти бо роҳи осоишта ба даст овардани ҳокимият набошад ва синфҳои иртиҷоӣ роҳи зуриро пеш гиранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …