Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ МАҲМУДИ ТОРОБӢ

ШӮРИШИ МАҲМУДИ ТОРОБӢ

ШӮРИШИ МАҲМУДИ ТОРОБӢ, хуруҷи ҳунармандон ва камбағалони Бухоро, ки с. 1238 бар зидди асорати ҳокимони истилогари муғул ва феодалони маҳаллӣ cap зад. Ба шуриш Маҳмуди Торобӣ роҳбарӣ мекард. Баромадҳои Маҳмуди Тороби диққати ҳокимони Бухороро ҷалб кард. Онҳо кушиданд, ки Ш. М. Т.-ро пахш, сардори онро нест кунанд. Кушиши душманон барор нагирифт. Намояндагони ҳукумат роҳи фиребро пеш гирифтанӣ шуданд. Аммо Маҳмуд аз нияти душман пай бурда, аз Тороб бо пайравони зиёди худ ба Бухоро омад. Чораҳои дигари табақаҳои доро барои куштани Маҳмуди Торобӣ низ барбод рафтанд. Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуда, aз пешвои руҳониён-садр ва намояндагони табақаи ҳокими талаб намуд, ки ӯро халифа эълон кунанд. Онҳо маҷбур гардиданд, ки Maҳмудро халифа эълон кунанд. Маҳмуд қасри Малик Санҷарро қаррргоҳи худ эълон намуд. Садрҳо ва диг. намояндагии табақаҳои доро бо амри у аз тахт ронда шуданд.

shurishi-torobi

Маҳмуд ба муқобили душманони ҳунармандон ва мардикорон муборизаи сахт бурда, давлатмандон, руҳониёни бузург ва амалдорони ба дасти шуришгарон афтодаро ба қтл расонд. Садрҳо, намояндагони ҳокимони маҳаллӣ ва муғулҳо дар Кармина тайёрӣ дида, ба Бухоро ҳаракат карданд. Дар наздикии Бухаро беки шуришгарон ва қувваҳои ғосиб мухорибаи сахт ба вуқуъ омад. Муғулҳо ва қувваҳои феодалони маҳаллӣ шикаст хурда ақиб шистанд, шуршигарон онҳоро то Кармина таъқиб намуда, бисьёриҳоро ба қатл расонданд. Бино ба маълумотп Чувайнӣ дар ин ҷанг 10 ҳаз. кас кушта шуд. Вале минбаъд Ш. М. Т. .мисли диг. шуришҳои дар Осиёи Миёна ба вуқуъ пайваста, муваффақият пайдо накард. Маҳмуди Торобӣ ва дусти наздики у Шамсуддин Маҳбубӣ дар айни авҷи шӯрши кушта шуданд. Аз ҳалок гардидани Маҳмуд ва камяроқии шуришггарон истифода намуда, қушуни 20 ҳазораи муғулҳо ва феодалони маҳаллӣ бо сардории Илдиз Нойон ва Чекан Қурчӣ хуруҷкардагонро танг намуда, ба тврафи Кармина ақиб ронданд ва ба азобҳои мудҳиш дучор карданд. Қариб 20 ҳаз. тарафдори Маҳмуда Торобиро ба қатл расонданд Ш. М. Т. қатъи назар аз шикаст хурданаш дар таърихи халқи тоҷик ва диг. халқҳои Осиёи Миёна ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Ад.: Якубовский А. Ю.. Восстание Тараби в 1238 г. (К истории крестьянских и ремесленных движений в Средней Азии). «Тр. ИВ АН СССР» т. 17. М.—Л., 1936; Гафуров Б. Г.. Таджики. Древнейшая древняя и средневековая история, М., 1972.

У. Назиров, А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …