ШӮРИШҲОИ ХАЛҚӢ ДАР БЕКИИ ҲИСОР, баромадҳои Оммаи халқи бекии Ҳисор дар нимаи дуюми а.19 ва ибт. а. 20. Дар як худи с. 1880 дар бекии Ҳисор се шуриши калон шуд — аввал лақайҳо ошуб карданд, баъд дар Хонақоҳ деҳқонон шуриш бардоштанд ва ниҳоят баҳори ҳамон сол дар Қаротоғ ошуби калони бофандагон ба амал омад, ки дар он қариб 1000 наф. бофандагони шаҳр ва атрофи он иштирок намуданд. Сабаби асосии ин шуриш шароити ниҳоят сахти меҳнат, музди бағоят пасти кор буд. Шуриш ҳукуматдоронро ба дараҷае ба воҳима андохт, ки онҳо маҷбур шуда, музди меҳнати бофандагонро аз 2 то 6 танга (аз 30 то 90 тин) зиёд карданд. Ин ғалабаи калони бофандагони кироя буд, ки бар зидди хуҷаинони корхонаҳо баромада буданд. Тобистони 1887 дар Ҳисор ва с. 1888 дар Ромит боз шуриши деҳқонон cap зад. С. 1911 дар Хонақоҳ, дар деҳаҳои Нил ва Қипчоқ боз чандин бор шуришҳои деҳқонон ба амал омаданд.
Сабаби ҳамаи ин шуришҳо ҳамин буд ки зулму истисмори амир дар ох а. 19 ва ибт. а. 20 бениҳоят зур буд ба сари мардум, ки бе ин ҳам аз гушнагӣ мурда мерафтанд, андозу хироҷҳои нав ба нав бор карда андозҳои пештараро хеле зиёд мекарданд. Гарчанде тамоми ин шуришҳо стихиявӣ буданд, программаи муайян ва аксаран роҳбари ягона ҳам надоштанду ба ин сабаб тезӣ пахш карда мешуданд, ҳамаи онҳо ба бедории шуури революционии халқ хеле мусоидат карданд.
Ш.Юсуфов.