Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШОИРИ ХАЛҚИИ РСС ТОҶИКИСТОН

ШОИРИ ХАЛҚИИ РСС ТОҶИКИСТОН

ШОИРИ ХАЛҚИИ РСС ТОҶИКИСТОН унвони фахриест, ки Ҳукумати Республика с.1961 таъсис кардааст. Шоироне соҳиби ин унвон мешаванд, ки эҷодиёташон дар ташаккули назми советии тоҷик нашқи муайян гузошта бошад.  Ба ин унвони фахрӣ аввалин бор Мирзо Турсунзода сазовор шуда буд (1961). Баъд ба ин ном М.Миршакар (1962) ва Б.Раҳимзода (1974) мушарраф гардидаанд. Ин унвон дар шакли «Нависандаи халқии РСС Тоҷикистон» ба нависандагони маъруф низ дода мешавад. Ҷ.Икромӣ (1979), Р.Ҷалил (1979), Фотеҳ Ниёзӣ (1986), Ф.Муҳаммадиев (1986) ба ин унвон сазовор гардиданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …