ШОҲМОТ, бозии руимизист, ки ҳариф бо 32 дона (16 сафеду 16 сиёҳ) дар рӯи тахтаи 64-катакдор мебозанд. Ватани Ш. Ҳиндустон буда, пеш аз он «чатуранга» ном бозие (аз а. 5) вуҷуд доштааст. Бино ба маъхазҳои ҳиндӣ ва арабӣ ба «чатуранга» 4 кас бозӣ мекунад. Донаҳояш 4 навъ будаанд: филҳо, аспҳо, аробаҳои ҷангӣ ва пиёдаҳо. «Чатуранга» баъди дар Эрон, Осиёи Миёна ва Арабистон паҳн шудан «шатранҷ» (муаррабӣ «чатуранга») ном гирифт, ки маънояш бозии ду ҳариф аст. С. 1972 аз димнаи Дилварзини водии Сурхон донаҳои шатранҷро ёфтанд, ки ба аҳди Кушониён мансуб аст. С 1977 аз пойтахти қадимии Сурдиён — Афросиёб 7 донаи шатранҷ ёфт шуд. Дар Осиёи Миёна оид ба шатранҷ ҳануз дар адабиёти а. 7 маълумоти зиёде фароҳам омада буд. Дар а-ҳои 8—9 дар ин мавзуъ рисолаҳо таълиф ёфтанд, ки онҳо дар бораи дар ҳазораи 1 м. хеле маъмул гардидани шатранҷ маълумот медоданд. Дар а. 15 устодон ва назариётчиёни машҳури шатранҷ (аз қабили Алии Шатранҷӣ) ба камол расиданд. Минбаъд шатранҷ хеле такмилу инкишоф ёфта, «шоҳмот» ном гирифт. Федерацияи байналхалқии шоҳмот — ФИДЕ (таъсисаш 1924) 115 мамлакатро дар бар мегирад. (ХСР аз с. 1947 аъзои он аст. Дар инкишофи Ш. хизмати шоҳмотбозони франсавӣ А. Филидор, немис А. Андерсен, америкоӣ П. Морфи, рус А. Петров, М. И. Чигорин ва диг. калон аст.
Шоҳмотбозӣ прагагӣ В. Стейниц аввалин чемиони расмии ҷаҳон аст (1886—94). Баъди у инҳо чемпиони ҷаҳон гардиданд: немис Э. Ласкер (1894—1921), кубагӣ X. Р. Капабланка (1921—27), рус А. А. Алёхин (1927 —35 ва 1937—46), голландиягӣ М. Эйве (1935—37). Аз с. 1945 шоҳмотбозони советӣ низ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ишттрок карда, чанд нафарашон чемпиони ҷаҳон шуданд: М. М. Ботвинник (1948—57, 1958—69 ва 1961—63): В. В. Смыслов (1957 —58); М. Таль (1960-61) ; Т. В. Петросян (1963—68); Б. В. Спасский (1969—72). С-ҳои 1972—75 шоҳмотбози америкоӣ Р. Фишер чемпиони ҷаҳон буд. А. Е. Карпов (1975—85) ва Г. Каспаров (аз 1985) охирин чемпионҳои ҷаҳонанд. Аз занон низ чемпионҳои ҷаҳон оид ба Ш. бисьёранд. В. Менчик аз 1927 то 1944 (то охири умр) соҳиби ин унвон буд. У шоҳмотбозони номӣ М. Эйве, Султонхон, Э. Келле, Д. Томас ва дигаронро мағуб кардааст. Чемпионкаҳои минбаъдаи WOB: Л В. Руденко (1950-53), Е. И. Быкова (1953-56 па 1953 —62), О. М. Рубцова (1956—58), Н. Гаприндаштвили (1962—1978) ва М. Чинбурданидзе (аз с. 1978). Федорацияи байналхалқиии Ш. то ҳол 23 маротиба олимпиадан Ш.-ро гузаронидааст. Командаи СССР 13 маротиба чемпиони олимпиада, 6 маротиба чемпионн Европа шуд. С-ҳои 1970 ва 1985 мусобиқаи командавии шоҳмотбозони СССР ва ҷаҳон — «бозии аср» гузарониа шуд. КомандаиССР командаи ҷаҳонро с. 1970 бо ҳисоби 20,5 : 19,5 па с. 1985 бо ҳисоби 21 :19 мағлуб кард.
Дар Тоҷикистон Ш. асосан баъди Ров. Каб. Соц. Октябрь маъмул гардид. Ҳоло дар назди ҳар як Комитети физкультура ва спорти шаҳр, район ва вилоят секцияи Ш. вуҷуд дорад. Дар республика (янв. 1987) 3179 коллектив мавҷуд буда, онҳо 67140 наф. шоҳмотбозонро дар бар мегиранд. Дар байни шоҳмотбозони тоҷик устодони спорти СССР ва номзад ба устоди спорти СССР бисёранд. Мас. Фақат с.1985 16 нафар ба номзад ба устоди спорти СССР ва шоҳмотбозони разряди 1-ум тайёр карда мешаванд.
Ф. Фаёзов.