Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲИД Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ

ШОҲИД Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ

ШОҲИД    Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ (с. тав. ва          ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ш.аз ҷавонӣ бо Малеҳои Самарқандӣ шинос шудааст. ӯ марди хуштабъу зариф ва хушсуҳбат буда, дар ҳаҷву мутоиба истеъдоди баланд доштааст. «Дар бадеҳаву ҳаҷву ҳиҷо, — навиштааст Малеҳои Самарқандӣ,- ба навъе хотираш роғибу моил аст ки ҳама кас ба у қоил аст…». Ш. гоҳо ба тақозои эҳтиёҷоти зиндагӣ ба мадҳи аҳли давлат низ рӯ овардааст. Дар «Музокир-ул-асҳоб» аз осори ӯ фақат ин байти матлаъ зикр шудааст.

Аз дидаам сиришк наранҷида рафтааст,

Бе оразат гиристан аз дида рафтааст.

Ад.Суханварони сайқали рӯйи замин. Д.,1973

С.Саъдиев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …