Маълумоти охирин

ШОҲИ ЗИНДА

ШОҲИ ЗИНДА, яке аз ёдгориҳои меъмории асрҳои миёна дар Самарқанд. Сохтмонаш аз давраҳои қадим дар қисми шарқии шаҳрчаи Афросиёб (ҳангоми кофтукови археологӣ боқимондаҳои харобаи мақбара, токи чубкорӣ ва манораи ба а-ҳои 11-12 мансуб пайдо шуд) оғоз ёфтааст Ш. 3. дар шакли ҳозирааш дар а. 15 сохта шудааст. Аз ҷиҳати бандубаст он такрори мақбараҳои анъанавии (пештокдор) а. 12 мебошад.

shohi-zibda

Ансамбли Ш. 3. маҳсули ҳунари якчанд насли меъморон, наққошон, хаттотон, кошикорон ва диг. ҳунармандон буда дар он тамоми комёбиҳои санъати меъморӣ, ороишӣ ва тасвирӣ таҷҷасум ёфтааст. Яке аз қадимтарин биноҳои Ш. З мақбараи Қусам ибни Аббос мебошад, к ибо вуҷуди таъмиру тармими зиёд нақшу нигории аслии он қисман (изораи мунаққаш ва зарҳалакорӣ) боқӣ мондааст. Мақбараи дигар мақбараи Ҳоҷӣ Аҳмад аст, ки меъмор Фахрӣ Озӣ  дар а.14 сохтааст. Дар ороиши онҳо устоҳо рангҳоро омезиш додаанд. Мақбараи дар шафати мақбараи Хоҷа Аҳмад воқеъ буда с.1360- 61 бунёд шудааст. Ох. а. 14 ва ибт. а. 15 дар  меъмории Осиёи Миёна усули тасвирию рангӣ бартарӣ пайдо кард ва ин таъсир дар мақбараҳои ансабли Ш.З-Шодимулк (1372),Амирзода (1386) ва Амир Хусайн (а. 14) ба назар мерасад. Сохти ин мақбараҳо анъанавист. Ба ансамбли Ш.З инчунин масҷиди назди мақбараи Қуссам ибни Аббос, комплексу Туманака (а. 15, иборат аз масҷид, чортоқ ва мақбараи дорои дари чубини кандакорӣ), Мақбараи амир Бурундуқ, (1380), мақбараи усто Алии Насафӣ (а 14), мақбараи  Ширинбекака (1385), мақбараи Ҳашттарк (а 15), мақбараи Қозизодаи Румӣ (сеяки ав. а. 15) ва пештоқи муҳташами худи З.Ш дохил мешаванд. Дар ох. а.19 ва ибт. а.20 ансабли Ш.З намунаи нодири санъати меъмории монументалӣ   гардидаанд

Ад:  Засыпкин Б. Н Архитектура Средней Азии,М.1948 Ремпель Л.И. Архитектурный орнамент Узбекистана, Тошкента 1961., Ансамбль Шохи Зинда, Тошкент-1970.

Р.М.Дадабоев

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …