Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШЕРЗОДА Ноил

ШЕРЗОДА Ноил

ШЕРЗОДА Ноил (фам. ва номаш Шерзода Мухтор; 1895, Уротеппа —1935, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи мударрис. С. 1915 ба Бухоро рафта, баъди Рев. Октябрь ба зодгоҳаш баргашт ва ба кори мактабу маориф машғул гардид. Шеърҳои аввалинашро («Аҷаб бепарда мебинам», «Мунаввар аз чароғи оразат дидам шабистонро», «Дидам маҳе, ки дидаи олам надидагӣ») дар мавзуъҳои анъанавии адабиёти тоҷик — ишқу ошиқӣ гуфтааст. Шоир баъдан мувофиқи тақозои ҳаёт ба мавзуъҳои дигар, аз қабили танқиди дину хурофот ва одатҳои нанговар («Нест бод хурофот», «Дил хун шуд аз хурофот», «Доғи ҳиҷрон» ва ғ.), тарғиби мактабу маориф ва падидаҳои ҳаёти нав («Хитоб ба духтарони Шарқ», «Интихоби Шуро», «Ба иди Октябрь» ва ғ.) руй овард. Баъзе шеърҳояш дар пайравии В. Маяковский, А. Лоҳутӣ ва диг. гуфта шудаанд («Агар хоҳӣ равӣ бар истироҳат, бигир дафтарчаи акредитив», «Бас ин ҳама ҷабру зулм» ва ғ.). Шерзода гуё девоне доштааст, аммо нопайдост. Намунаҳои ашъораш аз газетаю журнал, дастнавис ва ҳошияи китобҳо ҷамъ оварда шудаанд.

Ш. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …