ШЕРВОН, вилояти таърихиест дар шим. Озарбойҷон, дар соҳили ғарбии б. Каспий, шарқтари д. Кура. Номи «Шервон» дар шакли «Шарвон» дар аҳди Сосониён маълум буд. С. 654 Шервонро арабҳо забт карда, дар он ҷо сулолаи Шервоншоҳиёнро (ҳукмр. 799—1538) асос гузоштанд. Дар давраи истилои салҷуқиҳо Шервон ба маркази мубориза барои истиқлолияти Озарбойҷон табдил ёфт. Дар миёнаҳои а. 15 Шервон маркази калони деҳқонӣ, истеҳсоли абрешим ва матоъ шуд ва дар савдои байналхалқӣ мавқеи калон дошт. С-ҳои 1465—66 байни Шервон ва Россия алоқа муқаррар карда шуд. С. 1499 дар Москва сафири Шервон дар бораи бастани шартномаи «дустӣ ва иттифоқӣ» гуфтушунид кард. Шервон маркази калони мадание буд. Ҳоқонии Шервонӣ, Фалакии Шервонӣ дар он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Баробари пурзур шудани давлати Сафавиён Шервон ба тасарруфи он (1538) афтод.
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …