ШЕРӮЯ яке аз персонажҳои достонҳои «Хусрав ва Ширин» («Фарҳод ва Ширин»), Прототипи ин персонаж шахси таърихӣ — Шерӯяи писари Хусрави II Парвиз мебошад, ки пас аз кушта шудани падараш ба тахти Сосониён соҳиб гашт. Дар қиссаву ривоятҳои даҳанакӣ ва хаттӣ Шерӯя шахси бадкирдору золим, кушадаи падараш Хусрав мебошад. Baй мафтуни ҳусну ҷамоли завҷаи падараш Ширин шуда, хост, ки уро ба никоҳи худ дароварад. Ширини боиффату покдоман бо рою тадбир Шерӯяро дар назди дарбориёни сосонӣ шарманда карда, бо худкушӣ аз ишқди манҳуси вай озод гашт.
М. Диловаров.