Маълумоти охирин

ШЕЪРИ САФЕД

ШЕЪРИ САФЕД, осори манзуми ҳиҷоӣ ва ҳиҷоию оҳангӣ (силабию тоникӣ)-ро гуянд, ки аз қофия озоданд, вале мисраъҳо байни ҳамдигар мувозинат доранд. Ш. с. бинобар қофия надоштан аз системаи муайяни банду байт низ орист. Аз шоирони Ғарб У. Шекспир Ш. с.-ро фаровон истифода бурдааст. А. С. Пушкин «Борис Годунов» ва «Фоҷиаҳои хурд»-ро дар ҳамин равия эҷод кардааст. Ш. с. дар эҷодиёти бештари шоирони а-ҳои 19—20-и Ғарб ва рус ба кор рафтааст.

Дар назми форсизабонон Ш. с. баробари («шеъри нав» ва шеъри озод  зуҳур карда, аввал дар эҷодиёти шоирони Эрон — Нодири Нодирпур  («Оҳувона». «Дуое дар жарфнои шаб», «Аз нимае ба нимаи дигар», «Бе ҳеҷ посухе», «Хирман»), Ихвони Солис («Моҷаро кутоҳ»), Фаридуни Муширӣ («Ҳануз, ҳамеша, ҳаргиз», «Ранҷ») ва диг. намояидагони шеъри нав», сипас дар назми даризабони Афғонистон (Бориқи Шафеӣ, Сулаймон Лоиқ ва диг.) низ мавқеъ пайдо намуд. Дар шеъри тоҷикӣ намунаҳои он дар эҷодиёти Лоиқ («Ганҷи куҳсорон», «Шеъри сафеди «тиллои сафед», «Агар…», «Ҷомаи гадоӣ», «Марсияи хуршед» ва ғ.), Бозор Собир («Заминро навозиш кунед», «Асри XX», «Куч мебандам», «Ҷазр» ва ғ.) ва шоирони ҷавони с-ҳои 70—60 ба назар мерасад. Ш. с. дар назми тоҷик бо анъанаҳои арӯз (мас., истифода аз рукнҳои камистеъмоли баҳрҳои тавил ва хафиф) вобастагӣ дорад.

А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …