Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАНҶАРИҲО

ШАНҶАРИҲО

ШАНҶАРИҲО (Boraginaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд, ки гиёҳҳои яксолаю бисьёрсола, буттаҳо, дарахтон ва баъзе лианаҳоро дар бар мегиранд.

Қариб 100 ҷинс (бештар аз 2000 намуд)-и Шанҷариҳо дар тамоми кураи замин (асосан дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадили б. Миёназамин, Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ ва ғ.) месабзанд. Дар СССР қариб 60 ҷинс ва 450 намуд (дар Тоҷикистон 32 ҷннс ва 128 намуд)-и Шанҷариҳо мерӯяд. Баъзе Шанҷариҳо растаннҳои асаловар ва ороишӣ мебошанд. Баргҳои навсабзи шанҷарро чун сабзавот ба хӯрок меандозанд. Аз решаи Шанҷариҳр ранги бунафши бӯртоб мегиранд. Баъзе Шанҷариҳо мас., гижмалое, калмоч ва ғ. ҳайвонро заҳролуд мекунанд. Аксари Шанҷариҳо алафҳои бегонаи киштзоранд. С.Юнусов.

Шанҷар
Шанҷар

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …